задан

задан
[زدن]
1. кӯфтан, чизеро ба чизе сахт расондан; осеб расондан (бо даст ё чизи дигар)
2. зарба расонидан; саркӯб кардан
3. кӯбидан, тақ-тақ кардан (мас., дарро)
4. бархӯрдан, расидан; ба ҳам бархӯрдан
5. тапидан, зарабон (-и дил), ҳаракат кардан
6. андохтан, худро ба ҷое ворид кардан; худро ба ҳар тараф задан ба таҳлука афтода ба ҳар сӯ давутоз кардан, бисёр нотинҷ шудан, ба талвоса афтодан
7. маҷ. хӯрдан, ошомидан
8. пошидан, рехтан: намак задан, об задан
9. парондан; шикор кардан
10. дуздидан; ғорат кардан; дузд задан дузд рабудан, дуздида бурдан; ба сирқат рафтан; хонаи касеро задан хонаи касеро ғорат кардан, чизҳои хонаи касеро дуздида бурдан
11. буридан, қатъ кардан: гардан задан, шохаи дарахтро задан; сар задан а) сар буридан, куштан; б) маҷ. оғоз ёфтан, шурӯъ шудан
12. даргирондан, афрӯхтан; оташ задан сӯхтан, сӯзондан
13. молидан, соидан: покуро ба санг задан
14. шинондан, устувор кардан, насб кардан: хайма задан, байрақ задан
15. пахш кардан; нақш монондан; мӯҳр задан мӯҳр пахш кардан, мӯҳр мондан; сикка задан тангаи филизӣ баровардан
16. монанд шудан, мушобеҳ шудан: ранги чизе ба чизе задан
17. бастан: гиреҳ задан, занҷир задан; қулф задан қулф кардан, бастан
18. киноя аз овехтан, овезон кардан, часпондан: сурат ё рӯзномаро ба девор задан
19. навохтан, соз задан: дойра задан, дутор задан, таблак задан
20. маҷ. машғул шудан, саргарм шудан
21. маҷ. гуфтан; гап задан // ҳарф задан сухан кардан, гуфтан; дам задан ниг. дам; дод задан бо овози баланд гап задан; фарёд кардан; лоф задан гапи беҳуда гуфтан; худро таъриф кардан; таъна задан сарзаниш кардан, маломат намудан; хушомад задан хушомад гуфтан, чоплусӣ кардан; тамаллуқ кардан (мас., барои дили касеро ба даст даровардан)
22. гардидан, гаштан; давр задан а) гирд гаштан дар атрофи чизе; б) маҷ. гардиш кардан, сайр кардан, чарх задан; чарх задан а) давр гаштани (-и сар аз беморӣ); б) сайр кардан, гардиш намудан
23. ҳамчун феъли ёридиҳанда таркибҳои зиёди феълӣ месозад: барқ задан, бол задан, бӯса задан, ғел задан, мижа задан, неш задан, пар задан, пошна задан, хез задан, чашмак задан, ҷавлон задан, ҷӯш задан; паҳлу задан а) аз як паҳлу ба паҳлуи дигар гаштан (аз бехобӣ); б) якпаҳлу дароз кашида роҳат кардан; фаввора задан ҷӯшида баромадани об ё нафт (аз чашма ё аз кон); хала задан сих зада дард кардани шушу паҳлуи одам аз сармохӯрии сахт; ҷеғ задан а) фарёд кардан; б) маҷ. даъват намудан; зӯр задан ниг. зӯр; лаб задан а) ниг. лаб; б) саршор шудан, рехтан; панҷа задан ниг. панҷа; рақам задан навиштан, иншо кардан; хунук задан касеро ё чизеро а) аз сармо касал шудан, аз таъсири сармо бемор ё ҷароҳатнок шудан; б) дар асари сардии шадид нобуд шудани чизе; ғайб задан ғоиб шудан, нопадид гаштан, гум шудан; аз роҳ задан а) аз роҳ баровардан, бероҳа кардан; б) гумроҳ кардан; ба замин задан // бар хок задан чизеро беқадр гардонидан, беобрӯ намудан, хор кардан; касеро ба рӯзнома задан дар рӯзнома навиштан дар бораи касе; дар рӯзнома танқид кардан касеро; ба (бо) як нӯл задан а) касеро ба осонӣ мағлуб кардан (дар мусобиқае); б) аз касе тавонотару моҳиртар будан дар коре; мӯҳри хомӯшӣ бар даҳони касе задан хомӯш сохтан, ба хомӯшӣ маҷбур кардан касеро; худро ба мастӣ задан худро маст вонамуд кардан, маст нишон додан; худро ба нодонӣ (ё нофаҳмӣ) задан худро нодон ва нодида вонамуд кардан; худро қасдан нофаҳм нишон додан; бало зад офат расид; кор табоҳ шуд; бало задан а) ба тариқи дашном хитобан ба касе, ки ӯро ба ҳоли худ вогузор мекунанд, гуфта мешавад; б) бало ба пасаш! (дар мавриди таскини ғаму андӯҳи офате ба касе мегӯянд)

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужен реферат?

Полезное


Смотреть что такое "задан" в других словарях:

  • заданӣ — [زدني] сифати феълии замони оянда аз задан; сазовор ба задан; гапи заданӣ гапи лоиқи гуфтан; касе гап заданӣ касе сухан гуфтан мехоҳад; заданӣ шудан задан хостан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • заданість — ності, ж. 1) Абстр. ім. до заданий 2). 2) Обумовленість художнього зображення, оцінок готовими уявленнями, тенденціями …   Український тлумачний словник

  • заданість — іменник жіночого роду рідко …   Орфографічний словник української мови

  • гап — [گپ] 1. сухан, калом, гуфтор; гуфтугӯ 2. сухани беасос, лоф 3. маҷ., лаҳҷ. гаштак; гап гап а) гуфтугӯ, чақ чақ, сӯҳбат; б) гапҳои беҳуда, овозаҳои ҳархела, миш миш дар ҳаққи касе (чизе); гапи беҳуда сухани пуч, гапи бемаънӣ; гапи беҷо ҳарфи… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • Военная игра — ВОЕННАЯ ИГРА, групповое двухстор. рѣшеніе стратегич. и тактич. задачъ на планахъ, характеризуется безпрерывнымъ видоизмѣненіемъ обстановки, почему занятія ею носятъ характеръ состязанія, доходящаго иногда до азарта. Каждая враждующая сторона… …   Военная энциклопедия

  • лаб — [لب] 1. канори берунии атрофи даҳони одам ва баъзе ҳайвонҳо, ки дандонҳоро мепӯшонад: лаби боло, лаби поин, лаби тунук, лаби ғафс, лаби гулгун, лаби майгун, лаби пурханда, лаби хандон, лаби ҷонбахш, кунҷи лаб, лабро пок кардан, лабони касе ба… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • сар — I [سر] 1. узви бадани инсон ва ҳайвон, ки мағз, чашм, гӯш, бинӣ ва даҳон дар он қарор дорад, кала 2. оғоз, аввал, ибтидо; сари бозор, сари кӯча, сари таҳсил, сари тобистон, сари шаб 3. боло, рӯи; сари болин, сари кӯҳ, сари сина 4. нӯг; сари ришта …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • даҳон — (даҳан) [دهان // دهن] 1. узви инсон ва ҳайвон, ки забон ва дандонҳо дар он ҷойгир аст 2. қисми саркушодаи зарф, тӯп, шиша ва ғ. ; ҷои даробарои баъзе чизҳои миёнковок, мадхал: даҳони ғор 3. гуфт., маҷ. калима: як ду даҳон гап задан; як даҳон…… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • кӯфтан — [کوفتن] 1. задан, зарба расондан, лату кӯб кардан 2. кӯбидан, майда, реза ва нарм кардан ( и гӯшт, мурч, намак ва ғ.) зада ё кӯп карда аз сараку хӯшаҳо ҷудо кардани ҳосили гандум, ҷав, ҷуворӣ ва ғ. : хирман кӯфтан 3. киноя аз сарзаниш кардан;… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гуфтан — [گفتن] 1. гап задан, ҳарф задан, сухан кардан; ба забон овардан; изҳор кардан, баён намудан 2. нақл кардан, ҳикоят кардан; ривоят кардан: мегуфтанд, ки… 3. номидан, ном бурдан 4. ба назм даровардан, сароидан: шеър гуфтан 5. ният кардан, ирода… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»